- сухан
- [سخن]гап, калом, гуфтор; сухани бемаънӣ сухани бемағз; сухани обдор гапи таъсирбахш, гапи фасеҳу балеғ; сухани охирин а) сухани баъди ҳамаи гапҳо гуфтаи касе; б) сухани баъди музокира ва фикррониҳо эродкардаи соҳиби маърӯза; сухани подарҳаво (ҳавоӣ) гапи беасос, гапи бедалелу субут; сухани сарбаста гапи мубҳам ва муғлақ, гапи муаммоомез; сухани талх гапи нешдор, гапи ногувор; сухани сахт гапи тунду тез, гапи сахт таъсиркунанда; сухани ширин гапи дилнишин, гапи бо мулоимат гуфташуда, гапи нағзу форам; ба сухан баромадан дар маҷлис ё ҷамъомаде баромада гап задан; сухани касеро буридан гуфтори касеро қатъ кардан, ба охир расонидани сухани касе фурсат надода ба гап даромадан; сухани касеро гардондан илтимоси касеро рад кардан; сухан гирифтан ба сухангӯӣ дар маҷлис иҷоза хостан; ба сухан даромадан гап сар кардан; ба сухани касе даромадан ба гуфтаи касе итоат кардан, гапи касеро кабул ва иҷро кардан; гапдаро будан; сухани касеро аз даҳонаш гирифтан сухани касеро бурида худ ба гап даромадан, сухани касе тамом нашуда ба гап даромадан; сухан додан дар маҷлисе ба касе навбати суханронӣ додан; доди сухан додан бо маҳорати баланд сухан гуфтан, хеле фасеҳу маънодор гап задан; сухани касеро ба замин задан (андохтан, мондан) ба гапи касе эътибор надодан, гуфтаи касеро ба инобат нагирифтан; сухан кардан гап задан; сухан кушодан дар бораи чизе гап сар кардан, аввалин шуда дар масъалае гап ба миён овардан; аз сухан мондан гап зада натавонистан (мас., одами бемор дар ҳолати назъ); сухан ба (дар) даҳон мондан гапи касе ногуфта, нотамом мондан; ба сухани касе лаб мондан гапи касеро тасдиқ ва таъкид кардан, гуфтаи касеро қувват додан; сухан ба миён овардан дар бораи масъалае гап кушодан; сухан пурсидан (хостан) барои суханронӣ дар маҷлисе иҷозат талабидан; сухан рафтан дар бораи чизе зикр ёфтани чизе, гап сар шудан дар бораи чизе; сухан рондан гап задан; сухани касеро шикастан гапи касеро рад кардан, гуфтаи касеро қабул накардан; ба сухан (гап) ҷома пӯшондан бо обу ранг гап задан, гаперо бо алфози пуртумтароқ ифода кардан, муболиға ба кор бурдан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.